Конференсияи апрелии пайравони Пифагор баргузор гашт

Дар кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А. Муҳсинови факултети математика конференсияи апрелии бахши аспирантон, доктор PhD ва магистарнтон баргузор гардид.

Конференсия бо фарогирии 11 маърӯза ҷараён гирифта, пас аз шунидани маърӯзачиён саволу ҷавоб ва табодули афкор сурат гирифт.

Дар идома маърӯзаҳои беҳтарин муайян карда шуда, барои нашр ба маҷаллаи илмии “Номаи ховаршиносон” тавсия шуданд.

Тазаккур бояд дод, ки конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантон ва донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон – Мирзо Турсунзода ва Рӯзи илми тоҷик ба роҳ монда шуда, бо фарогирӣ ва баррасии масъалаҳои муҳимтарини илми муосир дар донишгоҳ 12-уми апрел шурӯъ гашта, он то 21-уми апрел ҷараён мегирад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ