​Таҳти унвони “Масъалаҳои инкишофи қобилиятҳои маърифатии кӯдакон” конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ доир гашт

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷли Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ таҳти унвони “Масъалаҳои инкишофи қобилиятҳои маърифатии кӯдакон” дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор гашт.

Дар ҷамъомад намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, мураббияҳои кӯдакистонҳо ва доираи васеи устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Дар оғоз маҳсули илмӣ-методӣ ва ҳунарии устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

Ба конференсия ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтиттоҳ бахшида, гуфт, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба таҳкими иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ аҳамияти хоса зохир намудан вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон иброз доштанд, ки: “Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем”. Яъне дар баробари вусъат бахшидани ислоҳоти соҳаи маориф инчунин ба инкишофи таҳсилоти томактабӣ, ки дар шароити Тоҷикистони соҳиистиқлоламон як қадами устувор барои расидан ба пояҳои баланди давлатӣ ба шумор меравад, диққати махсус ва ҳамаҷониба дода мешавад. Хусусан, дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд кардан, ки ба иттилои Сарвари давлат қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст, барои пешрафти соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар идома таъкид гардид, ки таҳсилоти томактабӣ зинаи нахустини низоми таҳсилоти пайдарпаи инсонро ташкил медиҳад. Дар робита бо ин таҳсилоти кӯдакони синни томактабӣ бояд мутобиқи идеологияи умумии навсозӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад. Раванди таълим ва тарбияи кӯдакони синни томактабӣ чунин равияест, ки таваҷҷуҳро ба натиҷаи таҳсилот равона месозад Муҳим он аст, ки ба ҳайси натиҷа на ҳаҷми арзёбии донишҳо, балки қобилияту малакаи кӯдак дар вазъияти ҳасос дар назар аст.

Дар фароварди сухан роҳбарияти донишгоҳ баён намуд, ки ташкил ва гузарондани конфронси мазкур дарки моҳияти гузариш ба шакли нави фаъолият ва рушди муассисаҳои томактабӣ ва кӯдакон, ки барои рушди устувори ҷомеаи мо муҳим аст, кӯмак мерасонад.

Баъдан, намояндаи Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - Гулсара Тошматова доир ба рушди муассисаҳои томактабӣ, мудири кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ, номзади илмҳои педагогӣ - Машҳура Азимова доир ба “Нақши нутқ дар ташаккули тафаккури кӯдакони синни томактабӣ ” мураббияи кӯдакистони №15-и шаҳри Конибодом - Розия Нурматова оид ба “Истифодаи тестҳои лоиҳавӣ барои муайян намудани мавқеи кӯдак дар оила” ва мураббияи Муассисчаи давлатии “Кӯдакистони президентӣ”-и шаҳри Хуҷанд – Мухбира Шамсиева дар мавзӯи “Ташаккули қобилияти маърифатии кӯдакони хурдсол дар муассисаҳои томактабӣ” баромад дошта, доир ба нақши оила дар ташаккули тарбияи кӯдакон, роҳу воситаҳои тарбияи тарзи ҳаёти солим байни кӯдакон, инкишофи нутқи кӯдак ва нақши он дар ташаккули шахсияи кӯдак, мавқеи нутқ дар ташаккули қобилиятҳои маърифатии кӯдакон, технологияҳои инноватсионӣ ва давраи сензитивии кӯдак ва ғайра иброз назар намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ