​Конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар адабиёти навини тоҷик” баргузор гашт

“Бар асари вусъати Истиқлоли миллӣ, тақвияти ормонҳои миллӣ, нуфузи сиёсати фарҳангӣ ва амиқрафти худшиносии милливу таърихӣ дар Тоҷикистон суннатҳои рӯй овардан ба арзишҳои маънавии гузашта ба таври чашмрас ҷараён дорад. Дар ин раҳгузар ба арҷгузорӣ ва бузургдошти суханварон рӯй овардани ҷомеаи мо ҳам падидаи муҳим мебошад” – ин нуктаро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода зимни баргузории конференсияи вилоятӣ изҳор намуд.

Ҳамчунин дар конференсияи вилоятии илмӣ-назариявӣ, ки таҳти унвони “Ҷойгоҳи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар адабиёти навини тоҷик” бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гашт, профессор Ҷамшед Ҷӯразода зикр кард, ки имсол дар радифи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми диёр 110-умин солгарди зодрӯзи шоир ва суханвари бузурги тоҷик дар нимаи аввали асри ХХ, фарзанди фарзонаи миллат, тараннумгари сулҳу дӯстӣ, пайвандгари қалбҳо ва халқҳо Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ таҷлил мешавад.

Дар идома баён гашт, ки то имрӯз устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров беш аз сад мақола дар бораи Мирзо Турсунзода таълиф карда ва ба вусъати турсунзодашиносӣ нақш гузоштанд. Дар байни таҳқиқоти олимон осори муҳаққиқи асосии ҳаёт ва мероси адабии Мирзо Турсунзода – шодравон Атахон Сайфуллоев «Мирзо Турсунзода» (1961), «Арзу тӯли назм» (1971, ба забони русӣ), «Мирзо Турсунзода» (1983, 2004) арзиши баланд доранд. Китобҳои профессорон Абдусаттор Абдуқодиров “Забон ва услуби назми Мирзо Турсунзода”, Замира Ӯлмасова “Ғояҳои ватанхоҳӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода” низ ба дарку шинохти эҷодиёти шоир равона шудаанд. Ба ифтихори ҷашнҳои чандкаратаи Мирзо Турсунзода аз ҷониби ҳайати устодони донишгоҳ чанд маҷмӯаи мақолаҳо – «Ёди шоири маҳбуб» (1981, ба 70-солагии шоир), «Шоири ватан» (2001, ба 90-солагии шоир), «Суханвари мумтоз» (2011) ба табъ расиданд.

Гуфта шуд, ки Лоиқ Шералӣ дар адабиёти муосири тоҷик яке аз оғозгарони давраи сифатан нави шеър аст. Муҳаққиқон қоиланд, ки бо ҷусторҳои устод Лоиқ Шералӣ дар шеваи баён, тарзи тасвир, маънигузорӣ, тасвиргарӣ, вазн, қофия, забон ва вусъати тасвир дигаргуниҳо ба амал омаданд.

Инчунин мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Тоҷибой Султонӣ, раиси шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аҳмадҷони Раҳмадзод, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, профессорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Матлубаи Мирзоюнус ва Замирахон Ӯлмасова, ва ҳамчунин, тариқи онлайнӣ профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Ҷумъа Ҳамроҳ оид ба фазилат ва ҳунарии шоирии номбурдагон сухан карда, дар ба мавзӯъҳои “Мирзо Турсунзода мунодии сулҳу дӯстӣ”, “Истиқболи адибони доираи адабии Кӯлоб аз Мирзо Турсунзода”, “Лоиқ ва суннати ғазалсароӣ”, “Мақоми Лоиқ Шералӣ дар адабиёти тоҷикии нимаи дуюми садаи 20” сухан намуданд.

Кори конференсияи вилоятии илмӣ-амалии «Ҷойгоҳи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар адабиёти навини тоҷик» дар 4 бахш – бахши “Мирзо Турсунзода ва арзишҳои адабии замони нав” бо ироаи 25 маърӯза, бахши “Мирзо Турсунзода ва муаммоҳои забони тоҷикӣ” бо пешниҳоди 7 баромад, бахши “Мирзо Турсунзода ва фарҳанги миллӣ дар садаи бист” бо баррасии 7 масъала ва бахши “Лоиқ Шералӣ ва шеъри муосири тоҷик” бо табодули афкор дар заминаи 14 маърӯза бо ширкати устодону муҳаққиқон аз донишгоҳҳои олии кишвар ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи онлайн ва офлайн ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ