Муҳокимаи 197 маърўзаи илмӣ аз ҷониби суханшиносон
Дар конференсияи илмӣ-анъанавии устодону олимони ҷавон, магистрантону докторантон ва донишҷўёни факултети филологияи тоҷик 197 маърўзаи илмӣ дар 17 бахш ироа ва баррасӣ шудааст. Дар ин бора аз факултети мавриди назар иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар 6 кафедраи факултет 17 бахш ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин миён 6 бахши устодон ва олимони ҷавон, 5 бахши магистрантону докторантони PhD ва 6 бахши донишҷўён мебошад. Дар бахши устодон 84 маърўза, дар бахши магистрантону докторантони PhD 48 гузориш ва дар бахши донишҷўён 65 маърўза ва дар маҷмўъ дар факултет 197 маърўзаи илмӣ дар бахшҳо муҳокима ва баррасӣ шуданд.
Дар бахшҳои устодон ва олимони ҷавони кафедраҳои факултет маърўзаҳои илмии устодон аз рўи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бештар ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, таърихи забон, роҳу усулҳои нави таълими забон ва адабиёт, масъалаҳои адабиётшиносӣ, матншиносии осори адабӣ, маърифату шарҳи осори адабӣ, масъалаҳои нақди адабӣ, бахшида шуда буданд.
Дар бахшҳои магистрантону докторантони PhD маърўзаҳои илмӣ аз натиҷаи корҳои анҷомдодаи худ дар асоси мавзўи тадқиқотӣ бештар ироа гардид. Бояд қайд намуд, ки дар ин бахш магистрантону докторантони PhD маърўзаҳои худро бо намоиш додани слайдҳо ба таври муҷаз ва диққатҷалбкунанда, намоиш доданд.Пас аз гузориши магистрантон аз тарафи устодон саволҳо ба маърўзачиён пешкаш карда шуд. Ҳамаи гузоришгарон ба саволҳои дода шуда ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Бахшҳои донишҷўёни факултет ҳам дар сатҳи баланд доир гардид, зеро донишҷўён бисёр бо тайёрии хуб омада буданд, ки зимни гузориши онҳо маълум мегардид. Пас аз гузориши донишҷўён аз тарафи устодон саволҳо пешниҳод карда шуд, ки донишҷўён то қадри имкон ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Мудирони кафедраҳо, роҳбарони бахшҳо ва устодон ҳамеша дар ҷараёни баргузории бахшҳои конфронс бар он кўшиш намуданд, ки маърўзаҳои илмии худ ва шогирдон дар сатҳи баланд ироа ва ҷиддӣ муҳокимаю баррасӣ гардад. Бахши унвонҷўён ва докторантони (PhD), магистрантон дар сатҳи баланд доир гардид, зеро маҳз дар ҳамингуна конфронсҳо онҳо натиҷаҳои тадқиқоти илмии худро назди устодон ба муҳокима гузошта, омодагиро ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ мебинанд. Аз ин рў, роҳбарони унвонҷўён ва докторантони (PhD), магистрантон ва роҳбарони бахш ва муовини декан оид ба илм ва иноватсия вазифадор буданд, ки ҷиҳати дар сатҳи матлуб доир гардидани он кўшиш ба харҷ диҳанд.
Маърўзаҳои олимони ҷавон аз тарафи устодон муҳокима гардида, барои дар оянда боз ҳам корҳои хуби илмӣ анҷом додан маслиҳату машваратҳо дода шуд. Бахши донишҷўён ҳам дар доираи баланд доир гардид. Барои ин мудирони кафедраҳо, роҳбарони бахшҳо ва роҳбарони донишҷўён корҳои судманд анҷом доданд. Маҳз донишҷўён дар ингуна конфронсҳо қадамҳои аввалини худро дар роҳи тадқиқ мегузоранд. Устодон маърўзаҳои донишҷўёнро ҷиддӣ баррасӣ намуда, пас аз такмилу тасҳеҳ беҳтаринҳоро барои чоп тавсия намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил