Шаҳбол ғолибу Достон мақоми ифтихориро касб намуд

Бо ибтикори Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Коррупсия падидаи номатлуби ҷаҳони муосир” озмуни вилоятӣ барузор гашт.

Дар номинаҳои озмуни мавриди назар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолона иштирок намуда, зинаҳои ифтихориро касб намуданд.

Аз ҷумла, дар номинаи “Ролики иҷтимоии беҳтарин” Шаҳбол Нурматов – донишҷӯи соли дуюми факултети забонҳои хориҷӣ, мақоми аввал ва дар номинаи “Иншои беҳтарин” Достон Эргашев – донишҷӯи соли сеюми факултети забонҳои шарқ, ҷойи ифтихориро касб намуданд.

Ғолибон дар як ҷамъомади тантанавӣ, ки дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ баргузор гашт, тақдиронида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ