​Мулоқот: Даъват ба китобхонӣ ва ободкориву созандагӣ

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ва дар ин замина, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мулоқот бо донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид. Он дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинӣ Аюб Усмонов - муовини ректор оид ба тарбия, доктори илмҳои таърих, Мирзоғуфрон Ғафуров - сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Абдураҳимзода Маҳбуба - сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Абдумавлон Азимов - профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ботур Алимов -устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок ва сухан намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили экстремизму терроризм, китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, ҳувияти миллӣ ва саҳмгузорӣдар ободкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар шуд.

Таъкид шуд, ки боварӣ, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат насли ҷавони кишварро водор месозад, ки пайваста илмҳои замонро аз худ намуда, дар тарбияи ахлоқии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ