​ДДХ: иштироки ҷавонони донишгоҳ дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Як гурӯҳ ҷавонони фаъоли Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони фаъоли мамлакат, ки имрӯз дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе доир гардид, ширкат намуданд.

Мулоқоти Пешвои муаззами миллат бахшида ба рӯзи ҷавонон доир гардид ва дар доираи он Президенти кишвар бо ҷавонони кишвар сӯҳбати озоду самимӣ доир намуданд.

Нақши ҷавонон дар раванди пешрафти кишвар, ҳифзи истиқлолияти миллӣ, ҳимояи дастовардҳои замони истиқлол, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҷавононро нерӯи созанда, табақаи фаъоли ҷомеа, иқтидори воқеии пешрафт ва такягоҳи боэътимоду умедбахш унвон намуданд.

"Мо ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем"- таъкид доштанд Пешвои миллат.

Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ иттилоъ дод, ки дар мулоқоти мазкур ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳисси волои ватандӯстӣ ва худшиносӣ иштирок намуда, як ҷаҳон ғизои маънавӣ бардоштанд.

"Имсол мулоқоти Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат дар арафаи рӯйдоди муҳими таърихӣ, 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки рамзи нек аст. Хело фараҳбахш аст, ки мулоқоти Роҳбари давлат бо намояндагони насли ҷавон ба ҳукми анъана даромада, дар доираи ин ибтикороти наҷиб барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти ҷавонон дастуру супоришоти судманд ироа мегардад. Мо, ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров суханронии садри аъзами мамлакатро, ки роҳнамои муфид ва дастури созанда ҷиҳати расидан ба музаффариятҳои тоза мебошад, дар меҳвари фаъолияти худ қарор хоҳем дод"- таъкид дошт Хайёмиддин Исмоилов.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ