​Маҳфил: навъҳои сифат дар забони арабӣ баррасӣ шуд

Дар доираи ҳафтаи илм дар факултети забонҳои шарқ бо иқдоми кафедраи грамматикаи забони арабӣ маҳфили илмии донишҷӯён - “Мусташриқ” баргузор гардид.

Маҳфили навбатӣ ба мавзӯи “Навъҳои сифат дар забони арабӣ” бахшида шуда, аз тарафи донишҷӯи соли дуюм Абдуллоева Ситора бо истифода аз муаррифинома маърӯза ироа гардид.

Ҷойгоҳи сифат дар забони арабӣ ва навъҳои он дар маҳфил мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни мавзӯи болозикр байни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.

Ҳадаф аз маҳфили “Мусташриқ” баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва васеъ гардонидани ҷаҳонбинии онҳо унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ