​ВАО ВА СИЁСАТ

Ин мавзӯи навбатии фанни сиёсатшиносӣ буд, ки бо иштироки донишҷӯёни гуруҳи 303 “в” –и факултети химия ва биология мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо ибтикори омӯзгори фанни мазкур дарс дар Китобхонаи илмии донишгоҳ сурат гирифта, дар доираи он донишҷӯён бо адабиётҳо низ шинос гардиданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити ташаккулёбии инқилоби иттилоотӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ таъсири васоити ахбори омма ба равандҳои сиёсӣ марҳила ба марҳила меафзояд. Гузашта аз ин, васоити ахбори омма дар раванди иҷтимоикунонии сиёсии омма ба таври фаъол ширкат варзида, афкори ҷамъиятиро дар муносибат бо масъалаҳои мухталифи сиёсӣ ташаккул медиҳад.

“ВАО ин маҷмӯи шабакаҳои мухталифи паҳн намудани иттилоот буда, бо мақсади саривақт хабардор намудани ҷомеа, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва давлат аз моҳияти воқеоту ҳодисоти ҷаҳон ва равандҳои дохили мамлакат ҳамарӯза фаъолият менамоянд. Бинобар ин, ВАО системаи иттилоотие мебошад, ки аз унсурҳои мухталиф иборат аст ва онҳо, дар навбати худ, дорои шаклҳои алоҳида, усулҳои фаъолият ва дараҷаҳои ташкилии худ буда, дар давлати алоҳида, минтақаи алоҳида ва умуман дар ҷомеаи ҷаҳон арзи ҳастӣ менамоянд”- зикр доштанд донишҷӯён зимни мубодилаи афкор.

Донишҷӯён дар дарси амалӣ бо истифода аз нашрияҳои даврӣ мавзуъҳои сиёсиро дарёфт намуда, нақши воситаҳои ахбори оммаро дар инъикос ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷаҳон муҳокима намуданд.

Ҳамзамон, китобҳои ихтисосии журналистика ва сиёсатшиносӣ баҳри мустаҳкамкунии мавзуъ истифода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ