Конференсия: Ғолибон дар бахши информатика ва математикаи ҳисоббарор муайян шуданд

Дар конференсияи илмӣ-анъанавии бахши информатика ва математикаи ҳисоббарори факултети математика 13 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби донишҷӯён шунида шуд.

Маърӯзаҳои ироагашта фарогири масоили кори шабакаи нейронӣ, интернет-мағоза, мубодилаи маълумотҳо дар шабакаи компютерӣ, тартибдиҳии сомонаи додугирифти фақлҳо ва ғайра буда, дар натиҷаи ироаи онҳо табодули афкор ҷараён гирифт.

Пас аз баррасӣ ва таҳлили маърӯзаҳои шунидашуда, ҷои якум ба Мақсудҷон Мирзоқулов - донишҷӯи соли чоруми ихтисоси математикаи амалӣ дар мавзӯи “Ёфтани роҳи кӯтоҳтарин дар графҳо”дода шуда, ду мақоми ифтихории баъдиро Нозанин Абдуллоева - донишҷӯи чоруми ихтисоси математикаи амалӣ дар мавзӯи “Технологияи ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои электронӣ” ва Шокир Ҳотамов - донишҷӯи соли сеюми ихтисоси математикаи амалӣ дар мавзӯи “Нормаликунии ҷадвалҳо дар базаи маълумот” соҳиб гаштанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ