​Конференсияи илмӣ-анъанавӣ дар факултети геоэкология

Дар факултети геоэкология низ конференсияи илмӣ-анъанавии устодон ва олимони ҷавон, магистрантону донишҷӯён дар якчанд бахш идома ёфт. Ноиб-декани илм ва инноватсия Абдураҳимова Мавзуна доир ба аҳамияти конференсияи мазкур ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ сухан намуд. “Истифодабарии кони Чорух - даррон ва проблемаҳои геоэкологии он” – ин унвони аввалин маърӯзаи илмӣ буд, ки аз ҷониби мудири кафедра, дотсент Ғуфронов Муҳиддинироа гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки кони Чорух – даррон аз рӯйи маълумоти П. П. Иванов ва М. Е. Массон дар асрҳои IХ –Х маълум буд. Ашёи кофтукови кони қадима асосан мис ба ҳисоб мерафт. Ноҳияи конёфтшуда, бо ҷинсҳои палеозойи боло таркиб ёфта, вақти бавуҷудоии он кадоме бо этапи бевақтии вариссии сикли вулканӣ вобаста буд. Омӯзиши систематикӣ ва коркарди майдони кон аз соли 1931 оғоз шудааст.

Ҳамзамон, дар доираи кори конфронс мавзуъҳои “Амалиёти офатҳои табиӣ дар мисоли ҳаракати шамол дар шаҳри Хуҷанд”, “Барқ дар атмосфера ва хатарҳои экологии он”, “Аҳамияти гузаронидани таҷрибаомӯзии саҳроӣ” ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ