​Маърӯзаҳои илмӣ оид ба масъалаҳои муҳими физика ва техника

Дар факултети физика ва техника конфронси илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон ва магистранту донишҷўён оғоз ёфт. Конфронси мазкур чун анъана дар доираи ҳафтаи илм ва бахшида ба рӯзи илми тоҷик ташкил гардид.

Баъд аз маросими ифтитоҳ конфронс дар бахшҳо ба кори худ идома бахшид.

Дар доираи конфронс мавзуъҳои муҳиму мубрами соҳа, аз ҷумла “Рушди инкишофи илмҳои физика ва математика дар Осиёи Миёнаи асримиёнагӣ”, “Вобастагии мустаҳкамии вайроншавии санги семент ва керамзит дар шароити фишурдашавӣ”, “Асосҳои физикии вайроншавии ҷинсҳои кӯҳӣ”, “Ченкунии бузургии ғунҷоиши электрикӣ дар муҳити барномаи Electronics Workbech”, “Муаммоҳои энергетикии замони муосир ва роҳи ҳалли онҳо”, “Озмоишҳои физикӣ ва моҳияти онҳо дар раванди таълими физика”, “Истифодаи мавҷҳои электромагнитӣ дар тиб”, “Таъсири равандҳои атмосферӣ барои фаъолнокии сейсмикӣ”, “Таъсири металлҳои ишқорзаминӣ ва гармиғунҷоиш ва тағйирёбии функсияҳои термодинамикии хӯлаи АК1М2 дар асоси элементи холис”, “Ппринсипҳои физикии спектрофотометрия” ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ