​​Мизи мудаввар: «Сайёҳӣ-омили муҳими пешрафти ҷомеа»

Бо ташаббуси садорати кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар мавзӯи «Сайёҳӣ-омили муҳими пешрафти ҷомеа» мизи мудаввар доир гардид. Ин иқдом ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1176 аз 06.03.2019роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он баррасии омилҳои таъмини рушди соҳаи саёҳӣ унвон мешавад.

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, дотсент Бердишукуров Абдунаим зикр намуд, ки имрӯз дар асри XXI соҳаи сайёҳӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намуда, сарчашмаи даромади аксарияти давлатҳои ҷаҳон гаштааст. Феълан соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарин дар ҷаҳон баҳисоб рафта, сол то сол нишондиҳандаҳои худро беҳтар намуда истодааст. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 сайёҳии байналмилалӣ 4% боло рафта, дар ҷаҳон 671 млн сайёҳони байналмилалӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2018 қариб 30 млн зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷойгиршавии географӣ, табиати ба худ хосро доро буда, фарҳанги бою таърихи қадима, захираҳои табииву канданиҳои фоиданок, манзараҳои зебои нотакрори кӯҳӣ ва бо табиати дилфиребу чашмаҳои шифобахшаш сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Ҳамзамон, сармуаллимон Ӯлмасова Мавзунадар мавзӯи «Сайёҳӣ-омили муҳими пешрафти ҷомеа»,Исмоилова Машҳура дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ муҳимтарин омили пешрафти иқтисодиёти кишвар»,Саркорбобоева Мунзифа дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ - заминагузори устувории кишвар» ва Абдуллоева Азиза оид ба «Развитие туризма – как ключ к ррасширению международных связей», Ҷӯраев Манучеҳр дар бораи «Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ» маърузаҳои пурмӯҳтаво ироа намуданд.

Бо муҳоқимаи мавзӯи мавриди назар ва табодули афкор ба кори мизи мудаввар ҳусни анҷом бахшида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ пайваста доир ба мавзуъҳои муҳиму мубрам силсилаи чорабинӣ, ҳамоиш, мизи мудаввар ва мулоқоту суҳбатҳои судманд ташкил мешаванд, ки иқдоми мазкур низ аз зумраи онҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ