​Семинари омӯзишӣ доир ба нашри мақолаҳо дар SCOPUS

Дирӯз 25-уми ноябр, дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ семинариилмӣ-омӯзишӣ доир гардид.

Дар семинар роҳҳои нашр намудани мақолаҳои илмии олимону устодон ба маҷаллаҳои дар хориҷи кишвар нашршаванда, аз ҷумла маҷаллаи SCOPUS омӯзонида шуд.

Семинари омӯзишӣ бо иштироки омӯзгорони факултетҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, факултети забонҳои хориҷӣ, факултети забонҳои шарқ, психология ва таҳсилоти томактабӣ ва факултети иқтисодӣ доир гардид.

Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки санаҳои 19-20-уми ноябрисоли равон чунин семинари омӯзишӣ бо устодони факултетҳои математика, телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, биология-химия, физика ва техника, санъати тасвирӣ ва технология баргузор шуда буд.

Дар назар аст, ки чунин семинари омӯзишӣ бо устодони факултетҳои санъат, филологияи тоҷик, филологияи ӯзбек, таърих ва ҳуқуқ, геоэкология, тарбияи ҷисмонӣ низ гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ