​Сада-нишони нуру хирад

Чунин ном дошт семинари илмӣ, ки дар кафедраи педагогика ва психологияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣбаргузор гардид.

Оид ба таърихи пайдоиш ва анаъанаҳои ҷашни Сада навор ба намоиш гузошта шуд.

Таъкид шуд, ки аз давраҳои қадим то имрӯз Наврӯз, Сада ва Меҳргон як бахши муҳимтарини зиндагии мардуми мо мебошад. Аз ин рӯ, пос доштани ин суннатҳо ҳамчун суннатҳои аҷдодӣ рисолати муҳими миллӣ мебошад.

Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ оид ба махсусиятҳои Сада аз ҷониби устодону донишҷӯён дар мавзуъҳои “Таърих ва пайдоиши ҷашни Сада”, “Ҷашни сада гувоҳ аз пешомади Наврӯз”, “Сада муждаи нахусти баҳор аст” маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ