«Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!» - таҳти ин унвон бо ҷавонони фаъоли вилоят мулоқот баргузор гардид

16-уми декабри соли 2019 дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷавонони фаъоли вилоят мулоқот намуд.

Қабл аз оғози чорабинӣ, ки таҳти унвони «Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!» гузаронида шуд, донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар баробари садҳо ҷавонони дигар раҳпаймоӣ карда, зуҳуроти номатлуби замони муосирро маҳкум намуданд.

Тавре хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо ҷавони фаъоли вилоят иброз дошт, ки мақсади асосӣ аз ташкили чорабинии имрӯза ҷалби бештари таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба тақвият бахшидани мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеаро ба ташвишоваранда, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон манъшуда ва қотеона маҳкум намудани зуҳуроти хатаровари терроризм ва экстремизм мебошад.

Зикр гардид, ки решаҳои терроризм ва экстремизм хеле чуқур буда, аз давраҳои қадим, одамони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабӣ бо роҳи гумроҳ намудани ашхоси камсаводу сустирода ва таъсир расонидан ба андешаю афкори аҳли ҷомеа мақсадҳои худро амалӣ карданӣ мешуданд. Дар марҳилаи ҳозира низ амалҳои террористӣ сабаби кушта шудани миқдори зиёди одамони бегуноҳ мегарданд. Таърихи қарнҳои охир собит месозад, ки амалҳои террористӣ бисёртар хусусияти сиёсиро ба худ гирифта, доираи амал ва фаъолияти террористон васеъ мегардад.

Ҳодисаи экстремистие, ки санаи 6 ноябри соли равон дар дидбонгоҳи Султонобод ба вуқуъ пайваст, гувоҳи он аст, ки шахсони раҳгумзада таҳти таъсири ақидаҳои ифротии ҳаракатҳои террористӣ қарор гирифта, ҳатто ба хонаводаву зану фарзанди хеш раҳм накарданд.

Ин ҳодиса бори дигар собит намуд, ки ба таъкиди Пешвои миллат дар ҳақиқат “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамҷавор дар самти мубориза бо экстермизм ва терроризм тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд. Бо мақсади тақвияти корҳо дар ин ҷода Барномаи давлатии муқовимат бо экстремизм ва терроризм таҳия ва қабул гардида, дар доираи барномаи мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Баргузор гардидани силсилаи вохӯриву мулоқотҳои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ташкилоту муассисаҳои мухталиф, аз ҷумла бо устодону донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи махсус, толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шумори чунин тадбирҳои муҳим қарор доранд. Амалӣ сохтани ин тадбирҳо пеш аз ҳама ба хотири он аст, ки имрӯз аксаран ҷавонон қурбони ин вабои аср гардида истодаанд. Аз ин рӯ, бо сабаби пешгирӣ ва муқовимат ба таъсири хатарҳои экстремизм ва терроризм аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру навоҳӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки аъзои онҳо пайваста ба шаҳру ноҳияҳо рафта, бо қишрҳои мухталифи ҷомеа суҳбату мулоқотҳо доир мекунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷавонони фаъоли вилоят даъват намуд, ки нисбати тақдири ҳамсолони хеш бепарво набошанд ва барои ҷилавгирӣ аз таъсири афкори бегона, мубориза бо экстремизм ва терроризм, пешгирии доман паҳн намудани ғояҳои ифротии ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон маъншуда ва тарғиби ақидаҳои солим, андеша ва тафаккури миллӣ талош варзанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ