​Намоиш-ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо пешниҳоди беш аз 2 000 ҷойҳои холии корӣ

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” намоиш-ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гашт.

Намоиш-ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд ба роҳ монда шуда, дар он 80 корхонаю ташкилотҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва ғайра зиёда аз 2000 ҷойҳои холии корӣ пешниҳод намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки соли таҳсили 2019-2020 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро 3 910 нафар? аз ин миқдор 1450 нафар шуъбаи рӯзона ва 2 460 нафар шуъбаи ғоибонаро хатм менамоянд.

Тибқи иттилои Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд то имрӯз дар миқёси вилоят 70 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, дар натиҷа беш аз 500 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд, ки музи маоши онҳо аз 400 то 4 000 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ