Мубоҳиса доир ба нақш ва мавқеи мақомоти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини адлу адолат дар ҷомеа

Дар факултети математикаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуроввохурии устодон ва донишҷӯён бо судяҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур судяҳои шаҳри Хуҷанд - Идрисзода Балаҷон Алиҷон, Ҳусейнзода Фирдавс Латифӣ ва Рустамзода Маъруфҷон иштирок намуданд.

Вохуриро декани факултет, дотсент Қулихон Бобохонов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ (таҳти №1380 аз 4 –уми декабри оли 2019) шинос намуд.

Пас, корманди судяи шаҳри Хуҷанд Маъруфҷон Рустамзода баромад дошта, оид ба принсипҳои асосии интихобот, ҳуқуқи умумии интихобот, ҳуқуқи баробарии интихобот сухан кард. Аз ҷумла иброз дошт, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд.

Баъдан доир ба масоили нақш ва мавқеи мақомоти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини адлу адолат дар ҷомеа табодули афкор ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ