​Рӯнамоии китоби тозанашри "Поэтикаи ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил"

Дар доираи ҳафтаи илм дар факултети филологияи тоҷик маросими рӯнамоӣ аз китоби тозанашри доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуров Нуралӣ таҳти унвони "Поэтикаи ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил" доир гардид. Чорабинии мазкур бо ширкати муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён сурат гирифт.

Муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода иштирокдорони чорабиниро хайрамақдам гуфта, дар бораи арзиши китоби тозанашр сухан гуфт.

Ҳамзамон, аз ҷониби дотсентони факултет роҷеъ ба аҳамияти китоби мазкур фикру мулоҳизот ироа гардид.

Аз ҷониби ғолибони озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" - Имориддинов Сарфарозиддин ва Ашӯров Ҷавоҳир аз ашъори Бедил шеърҳо қироат гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ