​Мулоқот: баррасии масоили мубрами ҷомеа

Намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯёни факултетҳоителекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, биология ва химия, санъати тасвирӣ ва технология мулоқот намуда, мавзуъҳои мубрами ҷомеаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон ва таҳкими маърифати ҳуқуқии донишҷӯён унвон мешавад.

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, омилҳои гаравидани онҳо ба ақидаҳои экстремистӣ ва баррасии сабабҳои паҳншавии ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонон аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот буд, ки перомуни он аз ҷониби иштирокчиён андешаҳо иброз гардид.

Аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани фаҳмишу зиракии донишҷӯён чунин мулоқот бештар доир гардида, мавзуъҳои умдаи ҷомеаи муосир мавриди баррасӣ ва роҳҳои ҳалли он фаҳмонида шавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ