Дарси сиёсӣ: “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд”

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар толори маҷлисгоҳи факултети таърих ва ҳуқуқ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд” дарси сиёсӣ гузаронида шуд. Дар он номзади илмҳои таърих, дотсент Исомитдинов Ҷӯрабек, аъзои маҳфилҳои умумидонишгоҳии “Пайравони Пешвои миллат”, тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” иштирок намуданд.

Дотсент Исомитдинов Ҷӯрабек доир ба хизматҳои содиқонаву софдилона ва тақдирсози Пешвои миллат дар назди халқу Ватан сухан гуфт.Таъкид шуд, ки сулҳи тоҷикон обрӯю нуфӯзи ин халқи бостониро дар арсаи ҷаҳон хеле боло бурд ва ин сулҳ манбаи омӯзиши бисёр кишварҳои ҷангзада гашт.

Хотиррасон гардид, ки собиқ Дабири кулли собиқи Созмони Милали Муттаҳид Кофе Анан, ки ба таври мунтазам раванди сулҳи тоҷиконро пайгирӣ мекард, пас аз анҷоми бомуваффақияти он дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ ба таври возеҳу равшан гуфта буд: “Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд”.

Ҳамзамон, дастовардҳои замони истиқлол дар доираи дарс мавриди муҳокима қарор гирифта, байни донишҷӯён табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ