​Семинар-машварат оид ба омӯзиши дарсҳои видеоӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика дар як қатор факултетҳои донишгоҳ ҷиҳати омӯзиши дарсҳои видеоӣ семинар-машварат гузаронида шуд.

Чунин семинар бо иштироки устодони факултети геоэкология, филологияи ӯзбек ва тарбияи ҷисмонӣ низ сурат гирифт.

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии инфоратика Аҳмедов Ҳ ҳадафи ташкили семинари мазкурро шарҳ дода, оид ба аҳамият ва зарурияти омӯзиши дарсҳои видеоӣ ибрози назар намуд.

Номбурда таъкид дошт, ки дар рванди ҷаҳонишавии муосир ва рушди технологияҳои муосир зарурияти баланд бардоштани дониш ва маҳорати устодону омӯзгорон ба миён омада, дар ин самт бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ пайваста иқдоми судманд амалӣ мешавад.

Дар доираи семинар оид ба истифодаи барномаҳо барои сабти машғулиятҳо маълумот дода шуд.

Ҳамзамон, ҷиҳатҳои техникии мавзӯи мавриди матраҳ барои иштирокчиёни семинар-машварат омӯзонида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин семинар барои устодони тамоми факултетҳои донишгоҳ гузаронида хоҳад шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ