​Озмуни “Олими сол-2019” ҷамъбаст ва ғолибон қадр гаштанд

Озмуни “Олими сол-2019” дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи Муассисаи давлатии таълимиии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷамъбаст гашт.

Дар бахши илмҳои гуманитарӣ Мӯсо Олимҷонов - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик ва дар бахши илмҳои дақиқ Қамариддин Тӯхлиев - доктори илмҳои физика ва метематика, профессори кафедраи информатика ва математикаи ҳисобарори факултети математика мақоми аввалро касб намуда, бо медал, диплом ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳ қадр гардиданд.

Мақомҳои дуюмро дар бахши илмҳои гуманитарӣ Ваҳҳоб Набиев - доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи ватан ва археология, дар бахши илмҳои дақиқ Ҳаким Тошхӯҷаев - доктори илмҳои физика, профессори кафедраи электроникаи факултети физика ва техника ва мақоми ифтихории баъдиро дар бахшҳо Насимҷон Ҳамробоев - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ ва Сарвиноз Ҳомидова - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи кори бонкии факултети молия ва иқтисодиёти бозор гирифта, бо диплому мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода олимону муҳаққиқони донишгоҳро бо дастовардҳои шоёни илмӣ шодбош гуфта, изҳори умед намуд, ки минбаъд низ бо пешниҳоду андешаҳои тоза, баёну баррасии самтҳои афзалиятноки маърифат ва барои рушди самтҳои Тоҷикистон нақши бориз мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ