​Ҷамшед Ҷӯразода: Мо ҳамеша Рӯзи Модарро бо дилу эҳсоси гарм истиқбол мегирем

Имрӯз 5-уми март, дар Театри давлатии мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идонаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода зимни суханронӣ бонвон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Модар табрик карда, ба онҳо сиҳатмандӣ, сарбаландӣ ва тамоми некиҳои ҷаҳонро орзу намуд.


Қайд карда шуд, ки воқеан ҳам, Рӯзи Модар, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти модарон эълон гардидааст, ҳамчун рамзи саодат ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос пазироӣ мешавад. Бояд гуфт, ки бузургони илму адаб дар тамоми давру замонҳо занро шоҳкори табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Бешак, сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан - Модар мебошад. Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯз омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Тавъам будани зан бо гулва баҳор бидуни ҳикмат нест, зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ ва тароват мебахшанд.

Илова гашт, ки ҳамасола бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар муассисаҳои давлатӣ ва таълимии кишвар заҳмати устодони соҳибхиради донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ қадр мешаванд. Аз ҷумла, соли 2019 аз 8 нафар гирандагони мукофоти давлатӣ дар донишгоҳ 3 нафар профессорон, Ғаффорова Умеда ва Бобоҷонова Малоҳат бо Медалҳои “Хидмати шоиста”, Матлубаи Мирзоюнус - бо Ҷойизаи байнамилалии Озарбойҷон ва дотсент Кенҷазода Манучеҳра бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд, ки ин аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати пиёда намудани сиёсати фардоофарини Пешвои муаззами миллат хосатан, дар самти баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занон дар ҷомеа ва ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои муҳими амалиро ба роҳ мондааст. Ин аст, ки аксари занону бонувон дар факултетҳо, кафедраҳо ва марказҳои илмӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ қарор доранд, ки аз ҳар яки онҳо ҳамчун ташаббускору кордон, маъруфу муътабар, соҳибдил, соҳибфарҳанг ва сухандон дар пешбурди кори донишгоҳ фаъолияти назаррас нишон медиҳанд, ки шоистаи хушҳолист.

Ҷамшед Ҷӯразода дар фароварди сухан хеш занон - Модаронро қуввати дилу ҷон хонда, гуфт, ки ин онон дар ҳар таппиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд.

Пас аз он, бонувон ва донишҷӯёни донишгоҳ баҳри фаъолияти назарраси меҳнатӣ, хизматҳои арзанда дар рушди таълиму тарбия, корҳои босамари илмӣ-тадқиқотӣ, шикати фаъолона дар маҳфилҳои фарҳангиву маърифатӣ, ҳамзамон ба муносибати Рӯзи Модар, бо мукофот ва раҳматнома қард гаштанд.

Дар идома, аз тарафи аҳли санъати вилоят, донишҷӯёни факултети санъат ва дастаи созию овозии “Навои ҷавонӣ”-и донишгоҳ барномаи фарҳангиву фароғатӣ манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ