​Таъсиси маҳфили “Бонувони варзишгар” дар донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили “Бонувони варзишгар” таъсис дода шуд. Дар ин бора, аз шуъбаи тарбияи донишгоҳ иттилоъ доданд.

Ҳадаф аз ба роҳ мондани фаъолияти маҳфили болозикр ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ намудани варзиш гуфта мешавад.

Дар ҷамъомади нахустин, ки дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ҷараён гирифт, варзишгарони донишгоҳ перомуни муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” ва Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2021 табодули афкор намуданд.

Макрази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ