​Довталаб-2021: Бо дониш равони худ ва дигаронро шодоб намо!

Шумо хоҳиш доред, ки ба сифати психологи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, машваратчӣ-психологи шуъбаҳои маориф, психологи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, психологи муассисаҳои махсус фаъолият дошта бошед. Ҳамчунин баъд аз хатми зинаи магистратура ба сифати омӯзгори фанни психология дар коллеҷҳои омӯзгорӣ ва мактабҳои олӣ низ ифои вазифа карданро мехоҳед.

Мо ба Шумо тавсия медиҳем, ки ихтисоси психологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро аз рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти рамзи 1 23 01 04 омадааст, интихоб намоед!

Таълим дар ихтисоси мазкур аз рӯи низоми бакалавр ҷараён гирифта, 4 сол идома меёбад. Шакли таҳсил рӯзона буда, намуди таҳсил ба тариқи ройгон ва шартномавӣ мебошад.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Марҳабо ба махзани илму маърифат ва макони нуру зиё!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ