​Донишҷӯён бо нигораҳои Осорхонаи вилоятӣ шинсо шуданд

Як гуруҳ донишҷӯёни факултети иқтисодӣ бо роҳбарии декани факултет н.и.и, дотсент Нуриддинова Манзура аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд.

Ин иқдом ҷиҳати шинос шудани донишҷӯён бо таърих ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ роҳандозӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бори нахуст соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ шуда буд. Он яке аз осорхонаҳои бузург дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад, ки дар он намунаҳое аз осори таърихи гузаштаи халқи тоҷик гирдоварӣ шудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ