​Форуми ҷумҳуриявӣ: “Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа”

Ба таваҷҷуҳи устодон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” расонида мешавад, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба солҳои 2019-2020 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади баланд бардоштани нақши занону ҷавондухтарон дар ҷомеа тасмим гирифтааст, ки санаи 15 октябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявиро дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа” баргузор намояд.

Бахшҳои алоҳидаи форум аз мавзӯъҳои зерин иборат мебошад:

  • Нақш ва мавқеи занону ҷавондухтарон дар зинаи идоракунии давлатӣ;
  • Пешгирии бемории ВНМО/БПНМ миёни ҷавондухтарону занон – омили асосии солимии миллат.

-Сабабҳо ва роҳу усулҳои пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ;

-Нақши ҷавондухтарону занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар;

-Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила омили устувории оилаҳои ҷавон;

-Нақши занон дар рушди илм ва инноватсия;

-Нақши занон дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;

Дар форуми мазкур иштироки олимону муҳаққиқони ҷавон аз ҳисоби занон, занони барӯманди ҷумҳурӣ, намояндагони ҷавони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муовинони соҳавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби занон, донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, квотаҳои Президентӣ ва варзишгарон аз ҳисоби бонувон дар назар дошта шудааст.

Хоҳишмандон аз ҳисоби зан-омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯдухтаронметавонанд маърӯзаҳоро вобаста ба мавзуъҳои болозикр дар бахшҳо ба унвонии шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ба почтаи электронии hgu-javonon2@mail.ru ирсол намоед.

Муҳлати қабули маърӯзаҳо то 8 октябри соли 2019.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ