​4 бар 2: ДДХ дастаи футболбозони ДДҲБСТ – ро шикаст дод

Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд - “Спартак” рақобат намуданд. Иқдоми мазкур ҷиҳати дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд ва роҳ ёфтан ба даври финалии мусобиқа сурат гирифт.

Бо нишон додани маҳорати баланд бозингарони дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамтоёни худро аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мағлуб намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқа бо натиҷаи ниҳоии 4:2 ба манфиати дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров анҷом пазируфт. Ҳамакнун ҳайати бозингарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иштирок дар даври финалӣ соҳиби роҳхат гардида, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар натиҷаи мағлубият дар мусобиқа ин шонсро аз даст дод.

Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи футбол ҷиҳати дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳр ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар назар аст, ки ғолибон дар маросими тантанавӣ дар доираи моҳвораи ҷавонӣ қадр хоҳанд шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мунтазам ҷиҳати таҳкими маҳорат ва баланд бардоштани иқтидори даста иқдом намуда, баҳри баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ