Андешаҳо оид ба Паём

Боиси зикр аст, ки ҳамасола бо мақсади натиҷагирӣ аз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва муайян намудани самтҳои фаъолияти сохторҳои марбутаи давлативу ҷамъиятӣ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.

Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ибтидои сол ироа гардида, ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва дастури кории тамоми кормандони мақомотҳои давлативу ҷамъиятӣ мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар нақши мактабу маорифро дар ҷомеа махсус қайд намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омўзгорон, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос, бозомўзӣ ва ҳар чӣ бештар шинос намудани онҳоро бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ арзёбӣ намуда, зикр намуданд. Омўзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст. Аз ин нуқтаи назар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш зикр намуданд, ки бояд дар баробари устодони ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ, волидайни онҳо низ ҳавасманд гардонида шаванд, зеро барои тарбияи дурусти фарзандон, нақши хонавода, алалхусус, падару модарони шогирдон боиси таҳсину офарин мебошад.

Пешвои миллат, Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омўзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад, насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худропайдо намояд. Инчунин, Пешвои миллат ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат намуданд, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд,ба илму донишандўзӣ ва касбу ҳунаромўзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон, бо ин ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд.

Инчунин, Роҳбари давлат ба Вазорати маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш доданд, ки масъалаи пурра бо омўзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд.

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маориф ва умуман, тамоми омўзгоронро вазифадор менамояд, ки дар тарбияи насли ояндасози миллат аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, барои дар сатҳи байналмилалӣ бо донишҳои муосир тайёр намудани шогирдон масъул бошанд.

Дар баробари ин мо устодони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таъкидҳои хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар интиҳои Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд сармашқи кори худ қарор дода, мувофиқи он амал менамоем,

Албатта,бонувони соҳибтамаддуни тоҷик аз иқдомоти ҳамешагии модарпарваронаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерў ва илҳоми тоза гирифта баҳри мукаммал гардонидани дониши хеш, ҳифз ва афзун гардонидани фарҳанги мардумӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, баҳри дар руҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги миллӣ кўшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Ҷӯраева С.Б. - мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ

Ҷӯраев М.Б. - омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ