​Озмуни “Навоварон ва ихтироъкорони ҷавон”

Дар факултети физикаю техника озмуни “Навоварон ва ихтироъкорони ҷавон” гузаронида шуд. Дар озмун донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуда, лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуданд.

Ташаббуси мазкур бо мақсади такмили маҳорати ихтироъкорӣ ва кашфи истеъдоди донишҷӯёни лаёқатманд ба роҳ монда шуд.

Лоиҳаҳои донишҷӯён таҳти унвони “Истифодаи 3D принтер барои омода намудани профилҳои 4-5 қабата”, “Таҷҳизот барои коркарди термикии металлҳо бо ҷараёни индуксионии фавқулбасомад” “Шарора” ва “Дарахти равшандиҳандаи ороишӣ” беҳтарин дониста шуда, аз ҷониби аъзои комиссия ҷиҳати иштирок дар озмуни донишгоҳӣ пешниҳод карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ