​Ғолибияти пайдарпайи дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дарёфти "Ҷоми Раиси вилояти Суғд"

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим мусобиқаҳои вилоятӣ барои дарёфти "Ҷоми Раиси вилояти Суғд" оид ба намудҳои тирпаронӣ, тенниси рӯи миз ва футболи хурд байни кормандони (мардон) муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ташкил ва баргузор гардидаистодааст.

Дастаи футболбозони донишгоҳ дар даври гуруҳии мусобиқа дар бозии аввали худ дастаи Коллеҷи санъат ба номи С.Ҳофизро бо ҳисоби 9 бар 1 ва дар бозии дуюм дастаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 14 бар 2 шикаст дода, алҳол сарнишини гуруҳи B мебошанд.

Қобили қайд аст, ки мақсади асосии ташкили мусобиқаи мазкур тарғибу ташвиқи намудҳои варзишии тирпаронӣ, футболи хурд ва тенниси рӯи миз байни кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ байни кормандон, оммавигардонии варзиш ва баланд бардоштани маҳорати касбии варзишии кормандон ба ҳисоб меравад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ