Пешвои миллат: Ҷавонон - иқтидори пешрафт

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар ин навбат низ басо хотирмон баргузор гардид. Ин ташаббус, ки дар меҳвари он сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад, ба муносибати Рӯзи ҷавонон ба роҳ монда шуд. Ҷиҳати иштирок дар мулоқоти Роҳбари давлат аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор нафар ҷавонон дар "Кохи Борбад" сарҷамъ омаданд.

Пешвои муаззами миллат намояндагони насли ҷавони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, изҳори умеду боварӣ намуданд, ки ҷавонон минбаъд низ бо ташаббусҳои созанда ва иқдоми судманд баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муассир мегузоранд.

Дар суханронии Роҳбари давлат ибтикороти Ҳукумати мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонони кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки масъалаҳои марбут ба ҷавонон минбаъд низ дар меҳвари сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор хоҳад гирифт.

Мо, ҷавонон воқеан ҳамарӯза таваҷҷуҳу дастгириҳои Роҳбари давлатро эҳсос мекунем. Аз файзи суботи сиёсии кишвар имрӯз барои мо, ҷавонон тамоми шароит ва имконот фароҳам аст.

Мо, ҷавонон хуб дарк мекунем, ки

дар рушду инкишофи ҳар давлат ва тақвияти мавқеи байналмилалии он ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши бузург доранд. Аз ин рӯ, ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошем. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он, пеш аз ҳама, беҳбудии ҳаёти мо - ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат ҷавонони фаъоли мамлакат бояд ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш намоянд, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гарданд ва нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро пайваста густариш диҳанд.

Зеро ба таъкиди Пешвои миллат мо - ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошем.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, сиёсати давлатро вобаста ба масъалаҳои таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ ва ихтисосу ҳунарҳои замонавӣ дар амал татбиқ намояд.

Зеро сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишвар аз он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.

Роҳбари давлат зимни суханронӣ ба ин нукта бештар афзалият дода, ба ҷавонон рӯ овардан ба илмро такрор ба такрор талқин намуданд.

Чуноне Пешвои миллат зикр доштанд, ҷавонони соҳибилм ва саводнок қувваи ояндаафрӯзи кишвар ва нерӯи пешбарандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳастанд.

Мулоқоти Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар аз он ҷиҳат боз хотирмон буд, ки Роҳбари давлат бо нақл аз лаҳзаҳои фаъолияти хеш, ки омӯзанда аст, барои ҷавонон дарси зиндагӣ ва устувориро омӯхтанд.

Гуфтан мумкин аст, ки мулоқоти мазкур ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонон ташаббуси олӣ буд, ки имкони дидору сӯҳбат бо роҳбарияти олии кишварро барои ҷавонон фароҳам овард.

Мо, ҷавонон донишу маҳорати хешро ҷиҳати татбиқи дастуру супориш ва маслиҳатҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни мулоқот ироа гардид, равона хоҳем кард.

Шодмон Нурматов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ