Паём моро ба сӯи саодатҳо раҳнамун сохт
Тавре ҳамагон шоҳиди он шуданд, айни ҳол мардуи тоҷик зери таассуроти Паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешрои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамаи сокинони мамлакат дастаҷамъона Паёмро тамошо карда, аз он хулосаҳои даркорӣ бароварданд. Яке аз самтҳои асосие, ки дар Паём ба мушоҳида расид, муаррифии дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, бурду бохтҳо ва муайян кардани роҳи минбаъдаи рушди инкишофи давлат ба шумор меравад. Пешвои миллат ба як нукта ишора карданд, ки мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем ва роҳҳои ободу зебоеро дар замони истиқлолият бунёд намудем. Дар марҳилаи аввали ба даст омадани истиқлолияти энергетикӣ низ дар замони муоси яке аз дастовардҳои даврони истиқлолият ба шумор рафт. Кашидани хатҳои интиқоли барқ, ки мушкилоти мардуми деҳоти дурдастро бо барқ бартараф мекунад, яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дониста шуда, дар ин ҷода ҳам пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардид. Бояд қайд кард, ки соҳаи илму маориф дар мамлат ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ислоҳоти соҳаи маорифбоиси пушрафтҳои арзанда дар самти беҳдошти илму маориф шуд, ки қобили мулоҳиза мебошад. Тавретаъкид гардид, маърифат бояд дар зинаҳио поёнӣ, яъне боғча ба фарзандони сокинони мамлакат андӯхта шавад. Барои ба ин ҳадафи бузург ноил гардидан, нақшаҳои минбаъдаро Сарвари давлат нишон дода, вазифагузор намуданд, ки ин ҳадафи олӣ бояд дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин татбиқ карда шавад. Илму маориф имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба як марҳалаи муҳими рушд ворид гардида, муассисаҳио мамлакат аз рӯи сифат ва миқдоир низ сол аз сол зиёд шуда истодаанд, ки бисёр хуб аст. Дар баробари ин мо бояд меҳнат карда, ҷиҳати босавод намудани ҷавонон кӯшиш ба харҷ диҳем ва ба қадри пешравиҳои сифатан нав дар замони истиқлолият бирасем.
Кайхусрав Каримов –устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров