Факултети геоэкология: Сада – мероси ориёнажодон
Бахшида ба истиқболи 30 солагӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ санаи 30 – юми январи соли 2019 дар факултети геоэкология аз ҷониби устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиат мизи мудаввар таҳти унвони «Иди Сада –мерос аз ниёгон» бо иштироки устодон баргузор карда шуд.
Чорабиниро мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров М.С., ифтитоҳ намуда, дар бораи талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи анъана ва ҷашнҳои аҷдодии ориёӣ сухан намуда, ба ҳозирин аз моҳият ва мазмуни иди Сада – ҷашни бартарии равшанӣ ба торикӣ, гарми бар сардӣ, оташи оламафрӯз шинос намуд ва таърихи ин ҷашнро мухтасар тавзеҳ дод.
Устодони факултет, дотсентон Очилова Ф.Ҳ., Толибов Ю.Р., Тошматов Б.А., мудири кафедраи географияи табиӣ Ғуфронов М.С., мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълим Ғуфронов Д.Н., сармуаллимон Амонова З.Ғ., Зайнутдинова З.А., муаллимон Ашӯрова Г., Ҳайдарова М.М., Ахмедова Д., Каримова М. ва магистранти соли дуюми ихтисоси “география” Сангинов М. дар мубоҳисаи мавзӯъ фаъолона иштирок намуда, андешаи худро нисбати таҷлили ҷашнҳои миллӣ, истифодаи ин ҷашнҳо дар ҷараёни тарбияи донишҷӯён, омӯзиши хусусиятҳои ҷашни Сада аз назари экологӣ, кишоварзӣ, география, иқлимшиносӣ ва ғайра изҳор карданд.
Бо иқдоми устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиат дар синфхонаи мазкур намоиши тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумии қадима ва ғайра ташкил карда шуд. Қайд гардид, ки ин иқдом ба истиқболи ҷашнгирии “Солҳои 2019-2021- солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” амалӣ карда шуда, нишонаи дастгирии устодон аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби донишҷӯёни курси 1- уми ихтисоси агроэкология ба ҳозирин шеър ва гуфторҳо оид ба таърихи пайдоиши иди Сада, шикори шоҳ Ҳушанг, пайдоиши оташак дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани сангҳо ва ғайра қироат карда шуд.