Бо дастовардҳои сазовор ба истиқболи ҷашни Истиқлол!

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фарогири масоили мубрами иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва байналхалқӣ мебошад. Имконияти дурусти баҳогузорӣ ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ва кашидани нақшаҳои оянда барои сокинони кишвар маҳз аз шунидан ва омўзиши паём дода мешавад.

Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои кулли Тоҷикистониён муждаҳои неку илҳомбахшро расонид. Дар оғоз, зикр гардид, ки имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз офати ҷонкоҳи бемории сироятии «COVID-19» бар канор аст. Ин гуфтаҳо моро водор месозад, ки дар сафи пеши муборизони Ватан бар зидди паёмадҳои манфии пандемия қарор гирифта, барои ободии кишвар камари ҳиммат бандем.

Пайдост, ки иқдомҳои арзандаи Пешвои миллат дар рушди фарҳанги волову ҳуввияти баланди миллӣ, ҷашну анъана ва суннатҳои пурѓановати аҷдодӣ барои тарѓибу муаррифии хулқу атвори ҳамида ва тафаккуру маънавиёти созанда хизмат намудааст. Дар ин радиф, мо кулли сокинони мамлакатро месазад, ҳамчун дорандаву муаррифгари урфу одат, фарҳанг, расму оин, ҷашну маросимҳои бостониву шоистаи таҳсин дар роҳи татбиқи сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат тарғибгар бошем. Маҳз тавассути чунин иқдомҳои сарвари нозукбину дурандешаш кишвари азизамон ҳамчун узви ташаббускори ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Таҷрибаи начандон тўлонии соҳибихтиёрии кишврамон нишон дод, ки сиёсати “дарҳои боз”, ки аз ҷониби сарвари хирадманд, дурандешу ботадбирамон эълон гардида буд, манфиати бештар дорад. Таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмиллалӣ дурустии роҳи интихобкардаи сарвари давлатамонро дар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад.

Дар даҳаи саюми давлатдории мустақил таъмини ҳадафҳои стратегии давлат дастоварди бузургу беназир маҳсуб меёбад. Баҳри иҷрои ҳадафи асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагон бо нерӯи барқ, бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди нерӯи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар ин соҳа ва ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ соли 2020 дар мамлакат корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд, ки дар паём ҳамчун дастоварди муҳим зикр гардидааст. Бо мақсади ба як кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ вусъати тоза дорад. Ба воқеият табдил ёфтани ин нақшаҳои бузург амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлат сатҳ ва сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир дод. Ваҳдати миллиро тақвият бахшид. Амнияти давлати тоҷиконро асос гузошт. Обрӯи давлати моро дар минтақа ва ҷаҳон баланд бардошт. Заъфи маънавиёти миллӣ, як навъ хиҷолати саросарии мардумиро, ки дар натиҷаи ҷанги бародаркушӣ аз ҷониби хоинони миллат зуҳур карда, манзалат ва рӯҳи тоҷиконаро дар ҷаҳон хазон карда буд, бартараф сохт. Эътиқоди миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун будани тоҷикро барқарор кард, қудрати давлатсозӣ ва муҳимтар аз ҳама тавони давлатдорӣ доштанашро тасдиқ намуд. Дар маҷмуъ, аз муҳтавои Паём пайдост, ки кишвари маҳбубамон сол то сол ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, сатҳи зиндагии мардум баланд шуда истодааст.

Маърифати муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дарки дурусти вазъи кунунии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро фароҳам меорад, ҳамзамон водор месозад, ки ба умқи масоили мазкур густурда назар намоем. Моро месазад, ки ҳамчун инсони ватандўсту меҳанпараст гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ ҳисобида, баҳри истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастовардҳои назаррас саҳмгузор бошем.

Комилова З.А. омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

Оқилова М.А. омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ