Паёми ояндаи ободу осуда
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии консепсияи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои Миллат буда тамоми мардуми кишварро барои ояндаи ободу осудагии Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифадор ва ба иҷрои он даъват намудаанд.
Самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ҳамаҷониба таҳлил намуда, Сарвари давлат ёдрас намуданд, ки тамоми комёбиву муваффақиятҳо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба даст оварда шудаанд. Аз байни дастовардҳо, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озодиву истиқлолиятро ҳамчун бузӯргтарин дастовард ва ғояимуқаддаси миллӣ арзёби намуда, даъват ба амал оварданд, ки барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз намоем.
Дастовардҳои ноилгардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки мо зина ба зина, марҳала ба марҳала ба иҷроисе ҳадафистратегии миллӣ пешбинишуда таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ наздик ва расида истодаем ва дар оянда барои ноил гардидан ба њадафи чорум яъне саноатикунонии кишвар кўшиш намоем.
Рушди ҷомеаи соҳибистиқлолро бе тараққӣ додани соҳаи энергетика тасаввур кардан душвор аст, аз ин лиҳоз дар Паёми имсола ёдрас гардидааст, ки бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқлоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии солњои зиёд фаъолият дошта оғоз гардид.
Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки ин ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя ноил шуда, қаламрави сепорчаи Тоҷикистон танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил ёфт.
Дар Паём тазаккур дода шуд, ки дар соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои зиёде сомон бахшида шуданд ва ин заминагузори тараққии босуръати соҳа гардид. Бо ҳадафи дастгирии соҳаи маориф барномаҳои махсус таҳия ва қабул гардиданд ва минбаъд барои рушди фанњои даќиќ фаъолият љоннок карда шуданашро талаб намудаенд. Њамчунин бањри њавасманд гардонидани олимони љавонон даъват ба миён овардаанд, ки њар сол озмун тањти унвони «Илм фурўѓи маърифат» гузаронида шавад.
Борҳо собит шуда, ки Президенти муҳтарами ҷумҳурии мо ба маънои томи сухан маорифпарваранд, ба аҳли таълиму тарбия эҳтироми баланд доранд ва барои рушди соҳаи маориф пайваста ҷидду ҷаҳд, тадбирҷӯӣ мекунанд.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат вазифа ба миён гузоштанд, ки сатҳу сифати ќабул ва таълим дар тамоми таълимгоҳҳои мамлакат баланд бардошта шавад.
Устодону донишљўёни факултети физикаю техникаи боргоҳи кӯҳанбунёди илму маърифат МТД «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Паёми имсолаи Пешвои миллатро-Паёми ояндаи ободу осудаи Тоҷикисони соҳибистиқлол, мағз ваҷавҳари Паёми имсола номида, тасмим гирифтаем, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳоидар ҷараёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида ва ба хусус барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир, баҳри диққати донишҷӯёнро барои аз бар намӯдани донишҳои муосир, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намудан, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, дар руҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ, мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаихалқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ тарбия намудан, тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона намуда, Ватани азизамон - Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба сатҳи кишвари ободу осудаи олам мебардорем.
Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти аҳли кишвар оғоз бахшид. Дар ин марҳила, ки давраи дигари пешрафту рушди мамлакатамон хоҳад буд, аҳли маориф бояд дар қатори пешсафону ташаббускорон қарор дошта бошанд.
Шамсиддинов М.И. дотсент, декани факултети физикаю техника