Соли дастовардҳо, рушди нерӯи инсонӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон

Имрӯз 28-уми феврал, чорабинии ҷамъбастии фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-инноватсионӣ, тарбиявӣ ва байналмилалии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.

Чорабиниро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки дар марҳилаи тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 яке аз марҳалаҳои муҳими таърихӣ маҳсуб ёфта, дар ин давра кишвари азизамон ба пешрафту музаффариятҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву маданӣ ва фарҳангиву илмӣ расид, ки дар рушди минбаъдаи самтҳои мухталифи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҷамшед Ҷӯразода доир ба фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-инноватсионӣ, тарбиявӣ ва байналмилалии донишгоҳ ҳарф зада, бо боварии комил таъкид намуд, ки минбаъд низ устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо истифодаи донишу малакаи хеш баҳри татбиқи сиёсати маънавибунёди роҳбарияти давлату ҳукумат пайваста талош варзида, ба комёбиҳои беназири соҳавӣ шарафёб мешаванд.

Дар чорабинии мазкур, як қатор устодон, олимон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯён барои дар сатҳи арзанда ҷамъбаст намудани дастовардҳои илмӣ-инноватсионӣ, таълимӣ методӣ ва тарбиявию ҷамъиятии ҳайати омўзгорону профессорони донишгоҳ дар соли 2019, қадршиносии ғолибони озмунҳои умумидонишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, озмунҳои “Олими сол-2019”, “Олими ҷавони сол-2019”, “Докторанти сол-2019”, “Магистранти сол-2019”, озмуни кафедраи беҳтарин, инчунин ба даст овардани Шаҳодатнома аз рўйи ихтироот ва навоварӣ, ихтирои дастгоҳу таҷҳизотҳои техникӣ ва таҳияи лоиҳаҳои барномарезӣ бо медал, диплом, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадр гардиданд.

Дар идома барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби дастаи созию овозии “Навои ҷавонӣ”-и донишгоҳ манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ