Паём - асоси ифтихори миллат аст

Мо - мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ифтихори баланди миллӣ ва меҳанпарастӣ қабул намудем. Мавриди тазаккур аст, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таҳлилу тадқиқи ҳаматарафаи илмии паҳлуҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ-ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ ва ҳам фарҳангии кишварамон ба эътибори аҳли ҷамъиятӣ кишвар пешниҳод гардид.

Паёми навбатии Роҳбари давлатамон бо назардошти самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ватани маҳбумамон, чӣ тавре ки таъкид рафт, дар даврае пешниҳод мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, ба сӯи ояндаи дурахшон гомҳои устувор мегузорад. Тоҷикистони азиз дар давоми чоҳоряк аср маҳз ба шарофати сиёсати босуботу хирадмандона ва ояндабини Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмин намудани рушди иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодии мамлакат ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст. Пешвои миллат таъкид сохт, ки мо ҳамаи ин корҳоро баҳри таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдад ва истиқлолияти давлатӣ анҷом додем, зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор модани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту дифоъ мекунем.

Пешвои миллат дар Паёмҳои хеш доимо таъкид бар он мекунад, ки мо халқи Тоҷикистон дар ибтидои солҳо истиқлолияти давлатӣ ба чӣ мусибатҳое гирифтор шуда будем ва ба сари мо тоҷикон душманони бурунмарзӣ чӣ балоҳоеро бор карданд. Ҷанги таҳмилии шаҳвандӣ Тоҷикистонро аз роҳи тараққиёт чандин даҳсола ақиб партофт ва анқариб даҳ соли истиқлолият тамоми талошҳо ва имкониятҳои Ҳукумати мамлакат барои барқарор намудани оқибатҳои он сарф гардид. Мардуми саодатманди Тоҷикистон давраи озмоиши сахту сангини вабои аср, пандемияро таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона паси сар намуда, барои бартараф кардани харобиву хисороти он заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намуданд.

Дар Паём таъкид карда шуд, ки амалисозии барномаҳои қабулгардида дар се самти рушди миллӣ, чор ҳадафи стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ боиси рушди Тоҷикистон дар ин самтҳо гашт. Вобаста ба ин Президенти мамлакат як қатор рақамҳо ва далелҳоеро оварданд, ки, воқеан, ҷиҳати ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидани кишвари азизамон шаҳодат медиҳанд.

Соҳиб гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат буда, дар ин ҷода азму талоши қавӣ дорад, ки аз он маҳсули кори Ҳукумати кишвар ва халқи меҳнаткаши Тоҷикистон дарак медиҳад. Чӣ тавре, ки роҳбари давлат арз дошт, дар Тоҷикистон низоми ягонаи энергетикӣ бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Боиси шодбошист, ки ба бунёди сарбанди баландтарини дунё – неругоҳи барқи обии Роғун бо ибтикор ва ташаббуси Асосгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида шуд, ки кишвари азизамонро дар роҳи расидан ба истиқтиқлолияти энергетикӣ боз ҳам наздиктар мегардонад, обру, манзалат ва имиҷи Ҷумҳурии азизамонро дар миқёси байналмилалӣ баланд мабардорад ва рақибони бурунмарзиро водор месозад, ки муносибати хешро ба ватани маҳбубамон дигаргун созанд. Пешвои миллат қайд карданд, ки ба ҳадафи дигари стратегии Тоҷикистони азизамон, ки ин бурун баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ маҳсуб меёбад, бо сарбаландӣ ноил гардидем ва дар ин ҷода низ дастовардҳо назаррасанд. Натиҷаи комёбиҳои коммуникатсионӣ бунёди фазои ягонаи иқтисодӣ, фазои ягонаи сиёсиву ҷуғрофӣ буда, дар ин замина аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни манотиқи мухталифи кишварамон ва мамлакатҳои ҳамсоя раҳо гадидем ва «қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба кишвари воҳид табдил додем».

Роҳбари давлат дар Паёми навбатӣ, инчунин, дар баробари дастовардҳо дар самти иқтисодиёти Тоҷикистон ибрози ақида намуданд. Президенти мамлакат дуруст қайд карданд, ки корҳои то ҳол амалигардида в дастовардҳои соҳибшудаамон ҳанӯз талаботи имрӯзаро пурра қонеъ карда наметавонанд, зеро дар фаъолияти мо мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб зиёданд ва ҳалли онҳо Ҳукумати Тоҷикистонро водор сохт, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул намояд. «Барои расидан ба ин мақсад моро зарур аст, ки низоми нави рушди босуботи иқтисодии ба ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, тарақиёти босуръати саноат, кишоварзӣ ва такмили бахши молиявӣ асосёфтаро оғоз намоем ва вусъат диҳем».

Президенти мамлакат дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ доштани масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашариро таъкид фармуда, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоиро вазифадор карданд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд. Дар ҳақиқат дар шароити муосири олами рушдкардаи техника ва технологияи иттилоотӣ, дар замони таҳоҷуми фарҳангӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва муборизаву набардҳои иттилоотӣ, зарба задан ба пояҳои ахлоқии ҷомеа ва паҳну пахши иттилооти ғайриахлоқӣ ва дар ин замина пиёда сотани сиёсати ғаразноки абарқудратҳо ва барпо намудани моҷароҳои дохиливу ҷангҳои шаҳрвандӣ воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, беш аз пеш ҳамчун василаи таъсирбахш неруҳои ғаразнок мавриди истфода қарор мегиранд, ки ташвишовар аст. Мушкил он аст, ки объекти таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии ба ном озод бевосита ҷавонон қарор мегиранд ва натиҷааш ба ҳамагон маълум аст. Пешвои миллат ба ин табақаи иҷтимоӣ таваҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавононро аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор доданд.

Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми масоили ҷойдоштаи самту фаъолияти ҳаёти ҷамъиятии кишвари маҳбубамонро мавриди пажӯхиши амиқ қарор дода, ба намояндагони халқ, ба роҳбарони хурду олимақом, ташкилоту муассисаҳо, табақаҳои иҷтимоӣ, ба мардуми шарифи Тоҷикистон бо қаноатмандӣ муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки муваффақияти Тоҷиқистон дар дасти худи мо- тоҷикистониён аст, зеро мо чӣ қадаре, ки поквиҷдонона, самимона, меҳанпарастона, бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ба халқу Ватани маҳбубамон, ба хоку заминамон, ба арзишҳоямон муносибат менамоем, ҳамон қадар ба дастовардҳо соҳиб мегардем. Бо итминони комил изҳор медорем, ки бо кӯшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо ҷашни бузурги 30-солагии истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамонро бо натиҷаҳои фараҳбахш истиқбол намуда, Тоҷикистони азизамонро ба мулки обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳем дод.

Турдибоев Т. - декани факултети филологияи ӯзбек

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ