​Паёми ояндасози Пешвои миллат

Перомуни ин мавзуъ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ дар хобгоҳи рақами 3 чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид.

Аз ҷониби омӯзгорони кафедра Убайдуллоев Аҳрорҷон ва Қаюмов Саййидмурод доир ба мавзуъҳои "Паёми Пешвои миллат - роҳнамои ҷомеа" ва "Паём - ҳидоятгари халқу миллат" маърӯзаҳо ироа гардид.

Таъкид гардид, ки Паём ҳамчун дастури созанда ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинон роҳнамои ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён доир ба нуктаҳои муҳими Паём мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ