Ирсоли номаи сипоси Китобхонаи миллии Россия ба Китобхонаи илмии ДДХ

Ба Дилбар Самадова, директори Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сипосномаи Китобхонаи миллии Федератсияи Россия ирсол гардид.

Сипосномаи мазкур ба роҳбарияти китобхонаи донишгоҳ ҷиҳати иштироки фаъолона дар форуми байналмилалии “Китобхонаҳои Руссия ва Тоҷикистон: таҷриба, потенсиал, стратегияи рушди инноватсионӣ” супорида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки форуми мазкур оғози моҳи равон тариқи онлайн доир гардид, ки дар он олимону коршиносони соҳаи китобдорӣ, директорони китобхонаҳои системаи марказонидашуда, китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳои ду кишвар ширкат ва баромад намуданд. Дар доираи ин ташаббус масъалаҳои “Рушди китобхонаҳо дар замони муосир”, “Омӯзиши фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо”, “Рақамикунӣ ва хизматрасонии китобхонавӣ-иттилоотӣ дар асри виртуалӣ”, “Китобхонаҳои насли нав: ҷанбаҳо ва соҳаҳои фаъолият" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Чи хеле ки дар матни номаи сипоси Китобхонаи миллии Россия гуфта шудааст, маърӯза ва суханронии роҳбарияти китобхонаи донишгоҳ мақбул ва қабули иштирокдорони форуми байналмилалӣ гардида, мавриди таваҷҷуҳ ва баҳои баланд гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки Дилбар Самадова дар ин форум перомуни мавзӯи “Нақши технологияи иттилоотӣ дар пешрафти фаъолияти китобхона” маърӯза намуда, ҷиҳати таҳкими равобити китобхонаҳои ду кишвар пешниҳодоти судманд ироа намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ