​Маҳфил: Нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолият

Дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" зери унвони “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.

Дар ибтидо муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ, доктори илмҳои таърих Аюбҷон Усмонов сухан карда, таъкид намуд, ки зуҳури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти миллати мо ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва устувории рукнҳои мамлакат боис ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро равшану мунаввар гардонид.

Бояд қайд кард, ки ба номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ пайдо кардани таъмини рушду тавсеаи пояҳои давлату давлатдорӣ дар фурсати начандон тўлонӣ, аз як ҷиҳат, ба нақши шахсияти сиёсӣ дар арсаи таърих ишорат кунад, аз ҷониби дигар, нишондиҳандаи қувваи бузурги ақлу заковати таърихии халқи тамаддунофару фарҳангпарвари тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳосили ин ақлу заковати бузург, ки пеш аз ҳама дар сиришту вуҷуд ва чеҳраи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҷассам гардид, ба таҳкими раванди сулҳу ваҳдати миллӣ ва шурўи марҳалаи навини давлатсозии тоҷикон самар оварда, онро дар арсаи ҷаҳонӣ низ муаррифӣ намуд.

Эътироф гардидани Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи асри ХХ1 аз ҷониби марказҳои бонуфузи сиёсии ҷаҳонӣ шарҳу тафсири моҳияти корномаҳои сиёсии ин шахсияти беназир дар назди халқу миллат ба ҳисоб рафта, бозгў менамояд, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳнамоиҳои ин чеҳраи таърихӣ дар оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар баробари муваффақ шуданаш дар таъмини сулҳу субот, инчунин барои муаррифии халқи тоҷик низ имконият пайдо кард. Дар натиҷа дар симои Пешвои миллат ҷаҳониён тоҷиконро ҳамчун халқи инсонгаро, дурандеш ва дорои фарҳанги ҳамдиливу ҳамзабониву ҳамраъӣ бо мардумони олам шинохтаву эътироф намуданд. Ин албатта, боиси ифтихору сарбаландии тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон аст.

Сипас роҳбари маҳфил, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Муталиб Маҳмудов дар мавзӯи “Пешвои миллат – ғамхору ҳидоятгар ва кафили пешрафти ҷавонон” маърӯза карда, иброз дошт, ки минбаъд низ ҷавонон дастуру ҳидоятҳо ва рӯзгори ибратпазири Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолият қарор дода, мутолиаи осори илмиву таърихӣ, бахусус, китобҳои арзишманди Президенти кишварро ҷиҳати тақвияти ҷаҳонбинӣ ва ҳуввияти ватандӯстиашон ба роҳ монда, ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар ҳифзу гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот ва ободиву шукуфоии Тоҷикистон кӯшиш менамоянд.

Маркази иттилоот

ва таҳлили донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ