КМ: чор нафар китобхони фаъол муайян гардид

Садорати Китобхонаи марказии донишгоҳ чор нафар донишҷӯи фаъоли соли 2020 - умро муайян намуд.

Бино ба иттилои Дилбар Самадова, директори китобхона донишҷӯёни фаъол аз рӯйи рейтинги барномаи kartoteka.ksu.tj муайян шуда, ҳадаф аз ин иқдом ҳавасманд гардонидани донишҷӯён ва тарғиби китобу китобхонӣ маҳсуб меёбад.

Хабар дода шуд, ки аз рӯйи рейтинги мазкур ҷойи якумро Хуҷамбердиев Фахриёр, донишҷӯи факултети геоэкология соҳиб шудааст. Гуфта мешавад, ки номбурда давоми соли 2020ба китобхонаи донишгоҳ 166 маротиба ташриф оварда, 190 адад китоб дастрас кардааст. Ҷойи дуюм ба Оқилова Назира, донишҷӯи дигари факултети геокология барои 108 маротиба ташриф ва дастраси 155 адад китоб насиб шудааст.

Ҳамин тавр, ҷойи сеюм ба Сангинов Сафаралӣ, донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ ҷиҳати 49 маротиба ташриф ба китобхона ва дастраси 60 адад китоб ва мақоми чорум ба Асророва Ситора, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик барои 36 маротиба ташриф ва дастрас намудани 45 адад китоб сазовор дониста шудааст.

Ба таъкиди директори китобхона ин ташаббус минбаъд низ идома ёфта, китобхони фаъол аз ҳисоби омӯзгорони донишгоҳ низ муайян хоҳад шуд. Дар назар аст, ки ғолибон дар рӯзи байналмилалии тақдими китоб қадршиносӣ мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ