​Таҳти унвони “Каломи оламгири Камол” маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гашт

Дар хобгоҳи №2-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ” маҳфили илмӣ-адабии “Каломи оламгири Камол” баргузор гашт.

Дар оғоз, Мастона Абдураҳмонова - муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ баромад намудуда, доир ба рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ ва Мавҷуда Ӯрунова дар мавзӯи “Вижагиҳои ғазалиёти Хоҷа Камол”маърӯза намуданд. Гуфта шуд, пас аз даргузашти Камоли Хуҷандӣ танҳо 14 ҳазор байт аз шеърҳояшро ёфтанд аз он шумор то замони мо танҳо зиёда то 8 ҳазор байт расидааст.


Дар идома, донишҷӯён аз ашъори Камоли Хуҷандӣ порчаҳои шеърӣ қироат намдуанд.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур бахшида ба 750-солагии Камоли Хуҷандӣ роҳандозӣ гашта, мақсади асосии он ошноӣ пайдо намудани донишҷӯён ба ашъори оламшумоли адабиёти форсу тоҷик, хосатан ориф ва шоири порсигӯи садаи XIV милодӣ Шайх Камол мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ