Кӯмаки Пешвои миллат дар роҳи мубориза бо covid-19 таккони ҷиддӣ бахшид

Аз рӯзҳои аввали ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо гардидани бемории сироятии коронавирус - COVID-19 Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дастуру супоришҳои судманду саривақтӣ, аз буҷаи ҷумҳурӣ, фонди махсуси Президент, маоши шахсии худ ба муассисаҳои тиббӣ, шахсони ба бемории мазкур сироятёфта, оилаҳои онҳо ва шахсони камбизоат, ятиму бепарастор кӯмакҳои саривақтиро расонида истодаанд, ки дар рафъи ҳолати ба вуқӯъ омада, нақши калидиро мебозад.

Ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллатро мо тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иттилоотӣ, бо чашми худ ҳамарӯза мебинем ва ин амалҳои неки дурбинона аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон, табибон ва дигар шахсони аз он кӯмакҳо бархурдоргардида хуш пазируфта шуда, барои руҳбаланд гардидани мардум, аз ҳама гуна ваҳму воҳимаҳо, тарсу ҳарос раҳонидани онҳо ва муборизаи судманд бо бемории коронавирус мусоидат менамояд.

Яке аз чунин ташаббус ва кӯмаки Сарвари давлат санаи 16 майи соли 2020 ба мақсади дастгирии иҷтимоиву иқтисодии табибон, кормандони миёнаи тиббӣ ва шахсони ба бемории COVID-19 гирифторгардида, дар баробари дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ ба вилояти Суғд кӯмаки моддӣ дар ҳаҷми 140 мошини пурбор, иборат аз 900 тонна маводи озуқаворӣ ва дорувории барои муолиҷаи ин беморӣ зарурӣ бо маблағи умумии 6,5 миллион сомонӣ ворид гардид ва таҳти назорати масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ба ҳар шаҳру навоҳии вилоят дастрас гардид.

Бояд зикр намуд, ки кӯмаки мазкур аз маводи ниёзи аввал, дорувории зарурӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, аз қабили либосҳои махсус, ниқобу дастпӯшакҳо, бастаҳои санитарию гигиенӣ иборат буда, ҳамаи онҳо дар марҳилае, ки сирояти COVID-19 дар ҷумҳурии мо майли зиёдшавӣ дорад ва табибони кишвар мардонавор шабонарӯзӣ пайи табобат ва пешгирии ин вабои аср ҳастанд, воқеан саривақтӣ, амали инсондӯстона, хайру савоб ва қаҳрамононаи Пешвои миллат башумор меравад.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Президенти кишвар мо бояд боз ҳам барои пешгирии сирояти бемории коронавирус чораҳои саривақтӣ андешем, аз ҳаравақта бештар меҳнат кунем, табибон ва шахсони мубталои ин бемориро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намоем ва нагузорем, ки душманони миллати мо аз ин бадбахтии ба сари тамоми инсоният омада, ҳангомаҷӯӣ кунанд.

Имрӯз алакай табибони мо қудрат, тавоноӣ ва шароити табобати бемории мазкурро доранд, ҳазорҳо нафар беморон муолиҷа гардида, ба хонаашон ҷавоб дода шуданд ва ҳеҷ ҷои шаку шубҳа нест, мо метавонем дар якҷоягӣ, паҳлу ба паҳлу истода, бо ҷонибдорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи тавсияҳои табибон софдилона заҳмат кашида, бемории COVID-19-ро мағлуб намоем ва аз ин имтиҳони сарнавишт сарбаландона бароем.

Иброҳим Ҷабборов, омӯзгори ДДХ ба номи академик Бобоҷно Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ