​ДДХ: Роҳандозии тадбирҳои муҳим дар ҳифз ва беҳдошти саломатии устодон ва донишҷӯён

Дар марҳалаи пуртазод, ки ҷомеаи ҷаҳони муосирро сироятёбии босуръати бемории коронавирус ба ташвиш андохтааст, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳифз ва беҳдошти саломатии устодон ва донишҷӯён тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ ва пешбинӣ намудааст.

Чунончи тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба тасдиқи «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар низоми таҳсилоти кредитӣ фаъолият менамоянд, тибқи Стандарту барномаҳои таълимӣ дар як ҳафта дар ҳаҷми 15 соат ва дар як рӯз дар ҳаҷми 3 соат дарсҳои фаъол ташкил ва ба роҳ монда мешавад.

Тибқи талаботи нақшаи таълимӣ дар як нимсолаи таҳсил аз теъдоди умумии 720 соати ҷудогардида 240 соат дарсҳои фаъоли аудиторӣ, 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ва 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ мебошад, ки дар як ҳафта ба 15 соат баробар аст.

Дар ин замина, бо мақсади бештар фаро гирифтани донишҷӯён аз синфхонаҳои иловагӣ ва ёрирасон (толорҳои хониш, варзишӣ, китобхона ва амсоли он) истифода намуда, бо назардошти ҳолати баамаломада азхудкунии ҳаҷми дарсҳои аудитории мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор тавассути омӯзиши мустақилонаи донишҷӯён пурзӯр карда мешаванд.

Тибқи иттилои муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявӣ Шароф Раҳмонов дар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ вазъи тозагӣ ва гигиениву санитарӣ дар сатҳи баланд таъмин карда шуда, таъминот бо маҳлулҳои зарурӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шудаанд.

Номбурда баён дошт, ки барои пешгирӣ аз бемории коронавирус дар рӯзи аввали машғулиятҳои дарсӣ ва ҳамаи гурӯҳҳои академикӣ қоидаҳои риояи гигиенаи шахсӣ, масофаи иҷтимоӣ ва бо ниқобу маҳлулҳои безараргардонӣ ҳозир шудани устодону донишҷӯëнро дуруст фаҳмонида, дар ҳамаи гурӯҳҳо аз ҳисоби донишҷӯëн навбатдорӣ ташкил карда шуда, корҳои безараргардонии ҳамарӯза ба роҳ монда шудаанд.

Маркази иттилоот

ва таҳлили донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ