​ММТ: 76 946 довталаб Донишгоҳи давлатии Хуҷандро интихоб намуданд

Тибқи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти интихоби муассисаҳои таълимии олии кишвар аз ҷониби довталабон дар раванди бақайдгирии довтлабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли таҳсили 2020-2021 ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” 76 946 довталаб ҳуҷҷат супоридаанд.

Ин нишондод аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2020 фарогир буда, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми дуюмро касб намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар байни муассисаҳои олии вилояти Суғд мавқеи аввалро гирифтааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ