​ДДХ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол мақоми ифтихориро касб намуд

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар дастаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мақоми сеюмро соҳиб гардид.

Ду ҷойи аввали ифтихории мусобиқоти болозикр насиби дастаҳои Донишгохи славянии Тоҷикистону Россия ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев гашт.

Хотирнишон менамоем, ки даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми декабр оғоз гардида, дар он панҷ даста иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси талаботи "Барномаи маҷмуи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2021" аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ба роҳ монда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ