​Қадршиносии устодони донишгоҳ бахшида ба солгарди ҲХДТ

Дирӯз дар маҷлиси тантанавӣ ва конфронси илмии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби ормонҳои халқ” бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ баргузор гашт, як қатор устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо медали ҷашнӣ, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гаштанд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, дар ибтидо раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон Паёми шодбошии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳозирин расонида, иброз доштааст, ки ҲХДТ зодаи тафаккури хирадмандонаву дурбинонаи Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, имрӯз дар ҷомеаи мо чун нерӯи бузургу пешбаранда, созандаву боэътимод пазируфта шудааст.

“Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ баён намуд.

Дар рафти конфронси илмӣ маърӯзаҳои илмии профессор, доктори илмҳои таърих Набиев Ваҳҳоб Машрапович ва номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Саидзода Шуҳрат доир ба таърихи таъсис ва нақши ҲХДТ дар таҳкими соҳибиқлолии кишвар шунида шуд”, омадааст, дар идомаи хабари нашршуда.

Дар ин чорабинӣ як қатор кормандон ва устодони донишгоҳ, аз ҷумла, мудири шуъбаи тарбия, дотсент Бахтиёр Шомирзоев бо медали ҷашнӣ, муовини ректор оид ба тарбия, профессор Аюбҷон Усмонов, сардори раёсати таълим, дотсент Муҳиддин Сабуров, сардори маркази бақайдгирӣ ва машварат, Нодира Дадобоева, декани факултети физикаю техника, дотсент Муъминҷон Шамсиддинов, мудири кафедраи фалсафа, профессор Атоев Атоулло, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода, устодони факултети санъат - Насиба Амонбоева, Муҳаммадшафақ Юсуфӣ, Егана Арзумановна бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қадр шуданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ