​Баргузории конференсияи устодони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ фарогирии 13 масъала

Конференсияи илмӣ-анъанавии бахши устодони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ бо фарогирии 13 маърӯза баргузор гашт.

Дар он устодон бо маърӯзаҳои мубрам аз қабили “Якҷояамалкунии оила ва мактаб дар ташаккули наврас”, “Оилаи пурра ва моҳияти он дар ташаккули хусусиятҳои инфиродии нарвасон”, “Масъалаҳои таълимгирӣ дар психология”, “Механизмҳои инсонгароии раванди таъсири мутақобилаи байнишахсӣ”, “Роли худбаҳодиҳӣ дар ташаккули шахсияти синни наврасӣ”, “Нақши тарбия дар ислоҳи бачагони душвортарбия”, “Нақши қадриятҳо ва арзишҳои ҳаётии наврасон дар ташаккули бахудбаҳодиҳии меъёрӣ”, “Ташаккули ҳиссиётҳои ахлоқии наврасон дар оила ва ҷомеа”, “Нақши бахудбаҳодиҳии дар ташаккули шахс”, “Рушди диққат дар синни хурди мактабӣ”, “Ҳамкории мактаб ва оила”, “Таъсири эмотсия ва ҳиссиёт дар раванди ташаккулёбии шахс” баромад намуданд.

Пас аз он, ҳайати комиссия маърӯзаҳои шунидашударо аз нуқтаи назари мубрамӣ, илмӣ, бурдани тадқиқот ва таҳлили дурусти мавзӯъ баррасӣ ва беҳарининҳоро муаррифӣ намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ